Зон сари зулфи маро бесарв сомон кардӣ

Хотирам ҷамъ нашуд то ту парешон кардӣ

Ман ба савдои ғамати ашк ба доман кардам

То ту аз сунбултар машк ба домон кардӣ

Синаи сад чоку ҷигари пораи худоро бингар

Ки чаҳҳо бо ман аз он чок гиребон кардӣ

Ҳайратӣ дорам аз он сӯрати зебо ки ту рост

Ки ба як ҷилваи марои сӯрат беҷон кардӣ

Андалеби дили ман нағма саро шуд рӯзӣ

Конҷмнро зи рахти саҳн гулистон кардӣ

Хӯни баҳоии дилам аз лаъл гуҳарбор биор

Чун ба хӯни ғарқааш аз ханҷар мижгон кардӣ

Номи шамшери ту осоиши ҷон бояд кард

Ки зи куштани ҳамаи душвори ман осон кардӣ

Солҳо дар талабати гӯша нишинӣ кардам

Тогузорӣ ба сар гӯша нишинон кардӣ

Ҳам нишинон ту аз буии раёҳини мустанад

Ваа ки дар кори саману сунбул ва райҳон кардӣ

То фурӯғии назарӣ дар рухи зебоӣ ту кард

Фориғаш аз мау хуршед дурахшон кардӣ