Кард дарди ғайрро дилбари алоҷ

Дод моро рашки тағйири мизоҷ

Носҳои мустағнӣам аз панди ту

Нест бо панди ту моро эҳтиёҷ

Бози нақди ашкам аз савдои ту

Дод бозори муҳаббатро ривоҷ

Май даҳум аз дили баҳри маи пора

Раҳи рӯи ишқам маро инаст боҷ

Хӯни дил гар хӯрд ишқат давр нест

Подшоҳ аз малик мегирад хароҷ

Хок бар сар мекунам девона ам

Гоҳ тахтам гашта хоку гоҳи тоҷ

Ёр медонад фузулии ҳоли ту

Арз ҳоҷат нест муҳтоҷи лҷоҷ