эй зикри завқи бахши ту зеби забони мо

Безикр ту мабод забон дар даҳони мо

Аз сиккаи саодати тавфиқи файзи тест

Роиҷи баҳри муомилаи нақди равони мо

Ояд зи мо ҳамеша хато аз ту мағфират

Онаст муқтазоӣ ту инаст шани мо

Бар ҳоли мо зи ғайри ту Лутфӣ наме расад

Ғайр ту нест воқифи рози ниҳони мо

Дар роҳат аз бало наҳаросем зонка ҳаст

Санги балои ту маҳаки имтиҳони мо

То чанд тани диҳеми бзҷри ҳавои нафас

Раҳмӣ ки гашти туъмаи саги устихони мо

Нагузошт дарди ишқи фузулии зи мо нишон

Инаст дар раҳи талаб ӯ нишони мо