Сӯхти дили сад қатраи хӯн дар чашм тар дорад ҳануз

Марди оташи шуъла бо сад шарар дорад ҳануз

Чашмҳо бигушода бар рӯем зи хуноби ҷигар

Бар нагашта дили зи ман бо ман назар дорад ҳануз

Доғҳои тоза аз ҷисми заъифам кам нашуд

Аллоҳи аллоҳи ин дарахт хушк бардорад ҳануз

Баркашидам оҳи лекини дарди дил таскин наёфт

Тири беруни рафтаи пайкон дар ҷигар дорад ҳануз

Холӣ аз тасвир маҷнӯн нест лавҳи рӯзгор

Нест чун ман ӯ дарин олам асар дорад ҳануз

Гуфтам эй бедард дар ишқи ту бихўд гашта ам

Гуфт ошиқ нест ин аз худ хабар дорад ҳануз

Шуд ду то қади фузулӣ аз ғами гардун вале

Майли абрӯӣ батон симбр дорад ҳануз