Шамъи базми баҳҷатами меҳри ма рӯй ту бас

Матлаъи хуршеди иқболами сари кӯии ту бас

Ҳамчуи нофа дар серуми савдои машк хушк нест

Нофаи атри димоғами ақди гесуии ту бас

Баҳри тоъат ҳар касеро ҳаст рӯ дар қибла

Қиблаи ман гӯшаи миҳроби абрӯии ту бас

Аз рақибон ҳаст мустағнии ҳарими даргаат

Монеъи васли ту бими тундии хуии ту бас

Орзӯии баҳра дигар надорам аз ҳаёт

Ҳосили умрами ҳавои қади дилҷӯии ту бас

Чун даҳонат гар кунад олами тақозои адам

Олимиро як назар аз чашми ҷодӯии ту бас

намефазояд заҳри дашноми ту завқи аҳли дил

Баҳри дашноми ту аҳли дили дуъогӯии ту бас

Чашм гар бастаст аз олами фузулӣ давр нест

Дар назар ӯро хаёл рӯй некӯии ту бас