Раҳм бар зории ман ёр надорад чаҳ кунам
Ёри пурвои ман зор надорад чаҳ кунам
Дилам аз таънаи ағёр бҷон омаду ёр
Хабар аз таъна ағёр надорад чаҳ кунам
Дида умрӣаст ки хўнбор шудаст аз ғам ӯ
ӯ ғами дида хўнбор надорад чаҳ кунам
Дар ғами ишқ ба аз сабр надидам корӣ
Дили шайдои сари ин кор надорад чаҳ кунам
Чун намонад зи ту пинҳони ғами ногуфтаи ман
Бо ту каси қудрат гуфтор надорад чаҳ кунам
Нест бе меҳнати ағёри висоли рухи ёр
Боғи олами гул бехор надорад чаҳ кунам
Дарди дил чанд кунам шарҳи фузулӣ бар ёр
Ёри фикри ман аФгор надорад чаҳ кунам