Ҷонро ба лаъл чун шукрат то супурда ам
Дидаст лиззатӣ ки ман аз рашк мурда ам
Шавқи ту раҳнамоӣ вуҷӯдам шуд аз адам
Неи ман ба ихтиёри худ ин раҳ супурда ам
Дар ғурбати вуҷӯд ки водӣ ҳайратаст
Ҷузи даргаи ту роҳ ба ҷое набарда ам
Нақди сиришкам аз дар анҷум зиёда аст
Шабҳои ғами ҳамин ва ҳамонро шимурда ам
Баҳри қабули нақши хатати нақши ғайр ро
Умрӣаст аз саҳифаи хотир ситурда ам
Соқии биё ки боз меноБам орзӯаст
То кӣ ғам замона бидорад фусурда ам
Дар пардаҳои дида фузулӣ намонад нам
Аз бас ки баҳри гиряи дамодам фишурда ам