То бӯдаем ҳамдам ғам бӯдаем мо

Ғамро мулозими ҳама дам бӯдаем мо

Ғамро зи ман набӯдаи ҷудои марои зи ғам

Ҳар ҷо ки бӯдаем баҳам бӯдаем мо

Пеш аз вуҷӯд бо ғами лаъли ту умрҳо

Ҳамрози тангноӣ адам бӯдаем мо

То бар камони абрӯии ту бастаем дил

Доими нишони тир ситам бӯдаем мо

Ҳаргиз нагаштааст кам аз мо балои ту

Як лаҳза бе балои ту кам бӯдаем мо

Ҳар ҷо ниҳодаем қадам дар раҳи ниёз

Афтодатар зи хок қадам бӯдаем мо

Икдм набӯдаем фузулии бкоми дил

Пайвастаи мубталоӣ ?илам бӯдаем мо