Ҷонам дар он орзӯии висол Муҳамад аст

Чашмам дар интизори ҷамол Муҳамад аст

Қадами хамида чун фалак аз ҷавр давр нест

Аз шавқ рӯй моҳи мисол Муҳамад аст

Ҷисмами заъиф чун ма нав нест аз фалак

Бар ёди абрӯӣ чу ҳилол Муҳамад аст

Ин доғҳои тоза ки бар сина манаст

Аз иштиёқи донаи хол Муҳамад аст

Шоистаи иҳотаи тамлӣк ғайр нест

Малики дилам ки вақфи хаёл Муҳамад аст

Ойӣнаи дори тӯтии нутқам ҳар оина

Андешаи сифоти камол Муҳамад аст

Кардаст меҳри ғайри фузулии зи дили бурун

То ошиқи Муҳамаду ол Муҳамад аст