Дилам ба зулфи ту аҳдӣ ки баста буд шикастӣ

Миёни мо ва ту мӯеи алоқа буд гусастӣ

зи шакли он лабу дандони тавон шинохт ки яздон

зи тангнои адами офарид гавҳар ҳастӣ

Ҳадиси тӯли амлро намӯд зулфи ту кӯтаҳ

Ки ҳаркии ҷусти баландӣ дар аўФтод ба пастӣ

Шароби шавқи зи лаълат чунон кашидаам имшаб

Ки субҳи рӯз қиёмат марост аввали мастӣ

Нахусти рӯзи қиёмат ба ошиқон назарӣ кун

Ки пушти пой ба дӯзах зананд аз сари мастӣ

зи васли тӯбоу ҷинати ҷузи ин мурод надорам

Ки қад ва рӯй ту байнам ба ростӣу дурустӣ

Чигуна васфи ҷамолат тавон намӯд каз аввал

Даҳон халқ гушӯдӣ ва рӯй хеш бибастӣ

Ҳадиси нуктаи тавҳид аз забони нигорин

Ҳазор бор шунидӣ дило ва ҳеҷ нҷстӣ

Биор бода ки габру яҳуду муъмину тарсо

зи ишқ баҳра надоранд ҷузи хаёли парастӣ

Агар суҷуд кунад бар рухи ту зулфи ту шояд

Ки нест мазҳаби ҳиндӯи ҷузи офтоби парастӣ

Надидаем ки шоҳин ба Кебеки ҳамлаи намояд

Чунон ки зулфи ту бар дил ба чобукӣ ва ба чустӣ

зи сахти ҷонии Қоонӣами басӣ аҷаб ояд

Ки бори ишқи ту бар дил кашад бад-ӣни ҳамаи сустӣ