зи ман ҳазар накунигар либос дайн дорам
Наҳуфтаи кофараму бут дар остин дорам
Зумуррадин набӯд хотам гадо дарёб
Ки худ чаҳ заҳр буд кони таҳ нигин дорам
Агар ба толеъи ман сӯхти хирманам чаҳ аҷаб ?
Аҷаби зи қисмати як шаҳри хӯша чин дорам
Нишастаам ба гадоӣ ба шоҳроҳ ва ҳануз
Ҳазор дузд ба ҳар гӯша дар камӣн дорам
зи ваъдаи дӯзахёнро фузун ниёзоранд
Таваққуъии аҷаб аз оҳ оташин дорам
Туро нагуфтам агар ҷону умри маъзӯрам
Ки ман вафои ту бо хештан яқин дорам
Ба матлаъам буд оҳанги зулаи бандии мадҳ
зи қаҳти завқи ғазали хешро барин дорам
Тулӯъи қофия дар матлаъ аз ҷабин дорам
Ба зикри саҷдаи шаҳи ҳарф дилнишин дорам
Алии олии аъло ки дар тавоф дараш
Хиром бар фалаку пой бар замин дорам
Аз ончӣ бар лаб ӯ рафта дар шафоати ман
Фасонае ба лаби ҷӯй ангабин дорам
Ба душманони зи хилоф ва ба дӯстони зи ҳасад
Ба ҳукми меҳри ту бо рӯзгор кин дорам
Ба кавсар аз ту крои зарф беш қисмат беш
Ба бода хуй кунам ақл дурбин дорам
Ҷавоби хоҷаи назирӣ навиштаам ғолиб
« хато навиштааму чашм офарин дорам »