Ларза дорад хатар аз ҳайбати вайронаи мо
Сайлро пой ба санги омада дар хонаи мо
Туфӣ аз барқи бало таъбия дорад дар хеш
Даҳан хок кунад обила аз донаи мо
Чашм бар тозагии шӯри ҷунун дӯхта аст
Дар хазон беш буд мастии девонаи мо
Май ба андозаи ҳароми омада соқӣ бархез
Шиша худ башикан бар сари паймонаи мо
Тангяши номи бароварда тамошо дорад
Дар паии мӯри фурӯ рафтани кошонаи мо
Ба чароғӣ нараседем дарин тираи саро
Шамъи хомӯш буд толеъи парвонаи мо
Дами теғати тнку гардани мо борӣк аст
Офарин бар ту ва бар ҳиммати мардонаи мо
Дӯди оҳ аз ҷигари чок дамӣдан дорад
Зулф хезаст зиҳии дстгаҳи шонаи мо
Хуш фурӯ меравад афсуни рақибат дар дил
Пунбаи гӯш ту гардад магари афсонаи мо
Мӯ барояд зи кафи даст агар деҳқон ро
Нест мумкин ки кашад решаи сар аз донаи мо
Дода бар тишнагии хеши гувоҳии ғолиб
Даҳани мо ба забони хати паймонаи мо