Бар қавли ту эътимод натавон кардан

Худро ба газоф шод натавон кардан

Аз касрати ваъдаҳои пай дар паии ту

Як ваъдаи дуруст ёд натавон кардан