эй Асия , эй Асия , саргаштае чун мо чаро ?

Аз мо мапуашон рози худ , бо мо баён кун моҷаро

Дар чархи худ мастонае дар даври худ фарзона Эй

Аз мо чаҳҳо дории хабар ? каз мо бирақсӣ доимо

Аз кон ҷудо монадӣ , зон дар нафирӣ , эй раҷо

Бо мо бигӯ , эй бўолўФо , аз қиссаҳои мо мзо

Дории сулӯкии баси аҷаб дар ҳолати ваҷду тараб

Дар як нафас тай мекунӣ аз мбтдо то мунтаҳо

Аз об дорад ҷони мо дар қиссаҳо чун Асия

эй ақли дурандеши мо , охир куҷо рафтӣ ? биё

Гуми шӯи валикин гум макун асрор дар ишқи лдн

Ҳам ту навай ҳам ту куҳани ҳам кӯҳ ва ҳам бонгу садо

Ҳам ҷони туе , ҳам ту ҷаҳон , ҳам ҷӯй ва ҳам оби равон

Ҳам осиёбоне бидон ҳам гандумӣ , ҳам Асия

эй ишқ , баси ҷони дӯстӣ , ҳам душмании ҳам дӯстӣ

Дар мағзӣ ва дар пӯстӣ , фии алҷмлаҳ бо шоҳу гадо

эй муҳаррами асрори ту , эй ҷаъфари тайёри ту

эй қосими анвори ту , эй миси ҷонро кимиё