Чун ҳасани диловези ту дар ҷилвагарӣ буд

Кори дили бечораи ман пардаи дарӣ буд

Дар даври рахти як дил ҳушёр надидем

Ин шеваи зи хосияти даври қамарӣ буд

эй ҷони ҷаҳон , нисбати ёди ту бҷонм

Чун боди саҳар бар рухи гули барги трӣ буд

Ҷону дилу дайни баради змни ишқи ту , ҳайҳот !

Дар ғорати ишқи ту чунин ҳамлаи барӣ буд !

Ҳар ҷо ки назар кард дилам рӯй туро дид

Ин низ ҳам аз ғояти соҳиби назарӣ буд

Дармони висоли ту фано омаду дигар

Ҳар чора ки кардем ҳамаи ҳилагарӣ буд

Гуфтанд ки : қосими ҳама аз зуҳд занад лоф

Бечораи худ аз тӯҳмати ин қиссаи барӣ буд