Новак ғамза мезанад бар дили маннигор ман
Сад пай агар ҷафо кунад , сидқ ва сафост кори ман
Хусрав бе назири ман , ҳокими ман , амири ман
Дилбари ногузири ман , боғи ману баҳори ман
Нури ману сарвари ман , ҳозири ман , ҳузури ман
Мояи шукру сури ман , сабри ману қарори ман
Аввали ман , ахири ман , нозири ман , Заҳири ман
Ёру мурӣду пери ман , мӯнису ғмгсори ман
Носири ман , насири ман , нозир бе назири ман
Дилбари дастгири ман , аз ҳамаи ихтиёри ман
Рофеъи ман , рафеъи ман , самъи ману самиъи ман
Ҷомеъи ман , ҷамеъи ман , ҳосили кору бори ман
Ошиқи ман , ҳабиби ман , тиби ману табиби ман
Носби ман , насиби ман , толиби инкисори ман
Ҷумла ту додае маро : марҳаму меҳнату шифо
Ҷони ману ҷаҳони ман , махфӣу ошкори ман
Гум шудаам бадараду ғам дар талаби ту умрҳо
Ҳеҷ нагуфтае ки : кӯи қосими дили фигори ман ?