Хат чу сар зад ориз дилдор меёбад фараҳ
Сабза чун пайдо шавад гулзор меёбад фараҳ
Бекудурат нест бо ағёр дидани ёр ро
Бештари дил аз гул бехор меёбад фараҳ
Рӯ диҳад чун ихтилотии аҳлро бефайз нест
Хол чун мавзун фитад рухсор меёбад фараҳ
Ҳаст пинҳони партави анвор дар дилҳои шаб
Зон таҷаллии дида бедор меёбад фараҳ
Дидаам қассоб кӣ бинад зи гирди тўтё
Он қадар каз хоки пой ёр меёбад фараҳ