Оромиши ҷони ман ороми равони ман
Равшани бтўи чашми ман шодони бтўи ҷони ман
Болот чу тири ман мижгон чу синони ман
Гесу чу каманди ман абрӯ чу камони ман
Беҳуда чаро дорӣ эй сарви равони ман
Навмед чаро дорӣ аз васли равони ман
Аз бас ки ҳамеи ҷӯӣ аз ҳиҷри зиёни ман
Ришаст ниҳони ман зораст аёни ман
Донем баҳри ҳоле эй ҷони ҷаҳони ман
Ман рози ниҳони ту ту рози ниҳони ман
Ҳастам зи дили он ту ҳастӣ зи дили он ман
Бал нест забони ту ширин чу забони ман