Бидон ки ончӣ лобудаст аз намоз гуфта омаду дигари масойил чун ҳоҷат уфтад бибояд пурсед ки дар чунин китоб шарҳ натавон кард аммо васваса дар нияти намоз бисёр мебошад , бад-ӣн ишоратӣ карда ояд . Бидон ки васвасаи ният касеро буд ки дар ақли вай халалӣ бошаду савдое буд ё ба шариъат ҷоҳил бошаду маънӣ ният надонад ки нияти ту он рағбатаст ки туро рӯй ба қибла оварад ва бар пой ангехт то фармон ба ҷои оре ва чунон ки туро агар касе гуяд , « фалон олам ояд , вайро барпои хезу ҳурмати дор » , нгўӣӣ ки ният кардам ки бар пои хезами фалони оламро барои илми вай ба фармони фалони кас , лекин бар пои хезӣ дар вақт ва ин нияти худ дар дил ту бошад , бе он ки ба дили гӯйӣ ё ба забон ва ҳарчӣ ба дили гӯйии ҳадиси нафас буд на ният буд нияти он рағбат буд ки туро бар пой ангехт , аммо бояд ки бадоне ки фармон чисту бадоне ки адои намоз пешинаст ё адои намози дигар чун дил аз ин ғофил набӯд , ҳамеи аллоҳи Акбари бгўӣӣ ва агар ғофил буд , худро бо ёди диҳӣ ва гумон набарӣ ки маънии адоءу фарз ,у намози пешини ҳамаи бикбори муфассал дар дил ҷамъ шавад , лекин чун наздик бошад ба якдигари ҷамъи намояд ва ин миқдори кифоят буд , чаҳ агар касе туро гуяд , « фаризаи намози пешини гузорӣ ? » гӯйӣ , « оре » , дар ин вақт ки « оре » гӯйӣ , ҷумлаи он маъонӣ дар дили ту буд ва дар тафсил набӯд , пас гуфт ту бо хештан то бо ёддаҳӣ , ҳамчун гуфт он кас буду аллоҳи Акбар ба ҷои он буд ки гӯйӣ « оре » ва ҳарчӣ бештар астқсо кунӣ дилу намоз бшўлидаҳ шавад , бояд ки осонгирӣ чун ин миқдор кардӣ ба ҳар сифат ки буд бадоне ки намоз дурустаст ки нияти намоз ҳамчун нияти корҳои дигарасту бад-ӣни сабаб буд ки дар рӯзгори расӯл ( с )у саҳоба , ризвони аллоҳи алайҳими аҷмъин , ҳеҷ касро васваса ният набӯд он кас ки ин менадонад аз ҷаҳласт .