Ҳаркиро ҳаштсад ман гандум буд ё ҷӯ ё мавиз , ё хурмо ё чизе ки қӯт қавмӣ бошад ки бидон кифоят тавонанд кард чун малику биринҷу нухуду боқулӣу ғайри он , ъушр бар вай воҷиб ояд ва ҳарчӣ қӯт набӯд чун пунбау ҷўзу каттону миваҳои дигар , дар вай ъушр набӯд ва агар чаҳорсад ман гандум ва чаҳорсад ман ҷӯ буд , лозим наёяд ки нассоб аз як ҷинс бояд ки буд ва агар оби ҷӯй ва кориз набошад , балки об бадбу диҳад , ним даҳ як беш воҷиб наёяд ва нишоед ки ангур ва рутаб диҳад , балки мавиз ва хурмо диҳад магари чунон буд ки аз ӯ мавиз наёяд , онгоҳи раво буд ва бояд ки чун ангур ранг гирифту донаи гандуму ҷӯ сахт шуд , дар он ҳеҷ тасарруф накунад то нахуст ҳзр кунаду бидонад ки насиби даравишон чандаст , онгоҳ чун он миқдори дрпзирФт ва бидонаст , агар тасарруф кунад дар ҷумла раво бошад .