Бидон ки тавба ва бозгаштан ба ҳақи таъолии аввали қадам мурӣдонасту бдоити роҳ соликонаст ва ҳеҷ одамиро аз ин чора нест , чаҳ пок бӯдан аз гуноҳ аз аввали офариниш то ба охири кор Фариштагонасту мустағриқи бўодн дар маъсияту мухолифати ҳамаи умри пеша шайтонаст ва бозгаштан аз роҳи маъсият бо роҳи тоъат ба ҳукми тавбау надомати кори одам ва одамиёнаст . Ҳарки ба тавбаи гузаштаро тадорук кунад нисбати хеш бо одам дуруст кард , аммо ҳамаи умри андари тоъати гузоштани худ одамиро мумкин нест , чаҳ вайро ки бёФриднди андари ибтидо ноқис офариданд ва беақлу аввали шаҳватро бар вай мусаллат карданд ки олат шайтонаст ва он ақл ки хасми шаҳвату нури ҷавҳар Фариштагонаст пас аз он офариданд ки шаҳвати муставле шуда буду қалъаи сина ба тғлби фурӯи гирифта буду нафас бо ваии улфати гирифта ва хуй карда , пас ба зарурати ақл ки пайдо омад ба тавба ва муҷоҳида афтод то ин қалъа фатҳ уфтад ва аз дасти шайтон берун ояд . Пас тавбаи зарурат одамиёнасту воли қадам соликонаст пас аз бедорӣ ки ҳосил ояд аз нуру шаръу ақл то бидон роҳ аз бероҳӣ бишносад ҳеҷ фариза нест ҷузи тавба ки маънии вай бозгаштанаст аз бероҳӣ ва омадани бози роҳ .