Аммо унвони ваии маърифати чаҳор чизасту арқони ваии чаҳор мъомлтаст ва ҳар рукниро аз ваии даҳ асласт .

Унвони мусулмонӣ :

Аммо унвони аввал онаст ки ҳақиқат худ бишносад .

Ва унвони дувум онаст ки худоӣ таъолӣ бишносад .

Ва унвони сим онаст ки ҳақиқати дунёро бишносад .

Ва унвони чаҳорум онаст ки ҳақиқати охиратро бишносад .

Арқони мъомлти мусулмонӣ :

Ва аммо арқони ин мъомлти мусулмонӣ чаҳораст , ду ба зоҳртълқ дорад ва ду ба ботин .

Он ду ки ба зоҳир таъаллуқ дорад :

Рукн аввал гузордан фармон ҳақаст ки онро ибодот гӯйанд .

Рукни дувуми нигоҳи доштан адабаст андари ҳаракоту саканоту маишат ки онро муомилот гӯйанд .

Ва аммо он ду ки ба ботин таъаллуқ дорад :

Яке пок кардан диласт аз ахлоқи нописандида чун хашму бухлу ҳасаду кибру аҷабу риё ки ин ахлоқро мӯҳликот гӯйанду ақаботи роҳ дайн гӯйанд . Ва дигари рукн оростан диласт ба ахлоқи писандида чун сабру шукру муҳаббату ризоу раҷоу таваккул ки онро мунҷӣот гӯйанд .

Рукни аввал дар ибодотаст ва он даҳ асласт : асли аввали дуруст кардани эътиқоди аҳли суннату ҷамоат ; асли дувум ба талаби илми машғӯл шудан ; асли сеюм дар таҳорат ; асли чаҳорум дар намози хондан ; асли панҷум дар закот ; асли шашум дар рӯза ; асли ҳафтум дар ҳаҷ карданаст ; асли ҳаштум дар қуръони хондан ; асли нуҳум дар зикру тасбеҳ ; асли даҳум дар вирдҳоу вақти ибодоти рости доштан .

Рукни дувум дар одоби муомилот ва он низ даҳ асласт : асли аввали одоби нон хӯрдан ; асли дувуми одоби никоҳ кардан ; асли сеюм одоби касбу тиҷорат ; асли чаҳорум дар талаби ҳалол ; асли панҷуми одоби суҳбати халқ ; асли шашуми одоби азлат ; асли ҳафтуми одоби сафар ; асли ҳаштуми одоби самоъу ваҷд ; асли нуҳуми одоби амри маърӯф ва наҳй аз мункир ; асли даҳуми одоби вилояти доштан .

Рукни сеюм дар баридани ақаботи роҳи дайн ки онро мӯҳликот гӯйанд ва он низ даҳ асласт : асли аввал дар пайдо кардани риёзати нафасу алоҷи хуии бад ва ба даст овардани хуии нек ; асли дувуми андари шаҳвати шикаму фараҷ ; асли сеюм дар алоҷи шараи сухану офоти забон ; асли чаҳорум дар алоҷи бемории хашму ҳақаду ҳасад ; асли панҷум дар дӯстии дунёу бемории тамаъ ; асли шашуми андари алоҷи бухлу ҳирси ҷамъ кардани мол ; асли ҳафтуми андари алоҷи дӯстии ҷоҳу ҳишмату офати ан ; асли ҳаштуми андари алоҷи риёу нифоқ дар ибодот ; асли нуҳуми андари алоҷи кибру аҷаб ; асли даҳуми андари алоҷи ғифлату залолату ғурур .

Рукни чаҳорум дар мунҷӣот ва ин низ даҳ асласт : асли аввал дар тавбау берун омадан аз мазолим ; асли дувум дар сабру шукр ; асли сеюм дар хавфу раҷо ; асли чаҳорум дар дарвешӣу зуҳд ; асли панҷум дар сидқу ахлоқ ; асли шашум дар муҳосибау муроқиба ; асли ҳафтум дар тафаккур ; асли ҳаштум дар тавҳиду таваккул ; асли нуҳум дар муҳаббату шавқ ; асли даҳум дар зикри марг .

Ва мо андари ин китоби ҷумлаи ин чаҳор унвони чиҳил асл шарҳ кунем аз баҳри порсии гӯйону қалам нигоҳ дорем аз ибороти баланду мғлқу маъонии борӣку душвор то фаҳм тавон кард ва агар касеро рағбат ба таҳқиқӣ ва тадқиқӣ бошаду рои ин бояд ки он аз кутуби тозӣ талаб кунад чун китоби аҳёءи улӯми аддӣну китоби ҷавоҳири алқуръону тасонифи дигар ки дар ин маънӣ ба тозӣ карда омадааст ки мақсӯди ин китоби авом халқанд ки ин маънӣ ба порсӣ илтимос карданду сухан аз ҳади фаҳми эшон дар натавон гузашт .

Эзад - субҳонау таъолӣ - нияти эшон дар илтимосу нияти моро дар иҷобат пок гардонод ва аз шўоӣби риёу кдўроти такаллуфи холиси дороад - умеди раҳмати ваии роҳи савоб кушода куноду тисиру тавфиқи арзонии дороад то ончӣ ба забон гуфта ояд ба мъомлт вафо карда шавад ки гуфтор бе кирдори зойеъ буд ва фармудан бе варзидани сабаби ваболи охират буд науз биллоҳ манеҳ .