Гуруҳе аз аблаҳон ки эшонро ба қӯт онаст ки корҳо ба басират хеш бишносанд ва на тавфиқ ёбанд ки аз шариъат қабул кунанд , дар кори охират мутаҳайир бошанду шак бар эшон ғолиб буд ва бошад ки чун шаҳват ғлбт гираду мувофиқи табъи эшон он намояд ки охиратро инкор кунанд , дар ботини эшон он инкор падедор ояду шайтони онро тарбият кунад ва пиндоранд ки ҳар чаҳ омадааст дар сифати дӯзах барои ҳарос додан омадааст ва ҳарчӣ дар биҳишт гуфтаанд ҳама ишвааст бад-ӣни сабаб ба мтобъти шаҳват машғӯл шаванд ва аз варзидани шариъат боз истанд ва дар касоне ки шариъат варзанд ба чашм ҳақорат нигаранд ва гӯйанд ки эшон дар ҷуволанд ва фирефтаанд ва чунин аҳмақро куҷои қӯт ин бошад ки чунин асрор ба бурҳон маълум тавонад кард , пас вайро даъват бояд кард то дар як сухани зоҳири нек тааммул кунад ва бо вай гӯйанд , « агарчӣ ғолиби занни ту онаст ки ин сад ва бист ва чаҳор ҳазор пайғомбару ҳамаи авлиёу уламоу ҳукамо ғалат карданд ва мағрур буданд ва ту бо аҳмақии хеши чандини ҳоли бдонстӣ , охир мумкин нест ки ин ғалати туро афтода бошаду мағрур будӣ ки ҳақиқат охират надонистаеу азоби рӯҳонӣ фаҳм накардау ваҷҳу мисоли рӯҳонӣот аз олам маҳсусот надонистае ? » агар чунонаст ки ғалати хеш раво дорад ва гуяд , « чунон ки донам ки ду аз яке бештар буд ва ҳамчунин донам ки рӯҳро ҳақиқатӣ несту вайро Бақои натавонад буд ,у вайро ҳеҷ роҳатӣу ранҷии натавонад буд пас аз марг , на рӯҳонӣ ва на ҷисмонӣ » , он касро мизоҷи табоҳ шуда бошад ва аз ваии навмед бояд шуд ки вай аз он қавмаст ки худоӣ таъолӣ гуфт , «у ани тдъҳми илои алҳдии Флни иҳтдўои азо абадан » , ва агар гуяд , « маҳол бӯдан ин маро зарурӣ нест , чаҳ ин мумкинаст влкн баъӣдаст , ва чун ин ҳоли маро ба ҳақиқат маълум нест ва ба занни ғолиб маълум нест , ба гумонеи заъиф чаро хештани ҳамаи умр дар ҳаҷар тақво кунам ва аз лаззоти бозоистм » бо ваии гўӣим ки акнӯн ки бад-ӣни миқдор иқрор додӣ , бар ту воҷиб шуд ба ҳукми ақл ки роҳи шаръи Фропишгирӣ ки хатар чун азим бошад ба гумони заъиф аз вай бигурезанд , чаҳ агар ту қасд таомӣ кунӣ ки бихӯрӣ ва касе гуяд Марии даҳон дар ин таом кардааст , ту дасти бози кашӣ , агарчӣ гумони он буд ки вай дурӯғ мегуяд ва барои он мегуяд то вай бихӯрад , влкн чун мумкин буд ки рост мегуяд бо хештани гӯйӣ , « агар нахӯрам ранҷи ин гуруснагӣ саҳласт ва агар бихӯрам набояд ки ӯ рост гуфта бошад ва ман ҳалок шавам » ва ҳамчунин агар бемори шӯй ва дар хатар бошӣ , тъўизшносӣ гуяд , « як дирам сим бидиҳ то туро тъўиз кунам ва бар коғазӣу нақшӣ бар он кунам ки беҳтари шӯй » ҳарчанд ки занни ғолиби ту он буд ҳар он нақш бо тандурустии ҳеҷ муносибат надорад , влкни гӯйӣ , « бошад ки рост мегуяду тарки он як дирами гуфтан саҳласт » ва агар мунаҷҷим гуяд , « чун моҳ ба фалон ҷой расад фалони доруӣ талх бихӯр то беҳтари шӯй » он ранҷ бикашӣ ба қавли вайу гӯйӣ , « бошад ки рост мегуяд ва агар дурӯғ мегуяд , он ранҷ саҳласт . »

Пас наздики ҳеҷ оқил , қавли сад ва бист ва чаҳор ҳазор пайғамбару иттифоқи ҷумлаи бузургони олам чун авлиёъу ҳукамои камтар аз қавли мунаҷҷимӣу тъўизнўисӣу табибӣ тарсо набошад ки ба қавли ваии ранҷии андак бар худ наад андак бар худ наад то аз ранҷи он ки азимтараст , бошад ки халосӣ ёбаду ранҷу зиён ки андак гардад , ба азоФт андак гардад чун касе ки ҳисоб баргирад ки умри дунё чандаст ва аз абад ки онро аввал нест ба нисбат бо азал ки онро охир нест чанд якаст , донад ки ин ранҷ кашӣдан , андак бошад дар ҷанби он хатари азим ки бо хештан гуяд ки , « агар эшон рост мегӯйанд ва ман андари чунон азобии бимонам чаҳ кунам ,у марои ин роҳати дунё ки рӯзӣ чанд бгзоштаҳам чаҳ суд кунад ? ва мумкин бошад ки рост мегӯйанд . »

Ва абадро маънӣ он бошад ки агар ҳамаи олами пар аз гоўрс кунанду мурғиро бифармоянд то ҳар ҳазор соли яке донаи гоўрс бар мегирад , он гоўрс бирасад ва аз абади ҳеҷ кам нашавад , пас чандини муддати азоб , агар рӯҳонӣ буд ва агар ҷисмонӣ буд ва агар хаёлӣ буд , чигуна тавон кашиду умри дунёро дар ҷанби он чиқадр бошад ? ва ҳеҷ оқилӣ набошад ки дар андеша тамом накунад ки роҳи эҳтиёт рафтану ҳазар кардан аз чунин хатари воҷиб буд , агарчӣ бо ранҷ буд ва агарчӣ бо гумон буд ки халқ барои бозаргонӣ дар дарё нишинанд ва сафарҳо дароз мекунанд , ва ранҷҳои бисёр май кашанд , ҳама ба гумон мекунанд агар ин мардро яқин нест , охири гумоне заъиф ҳаст ? пас агар бар хештан шафқат дорад , ба эҳтимоли ин фарогирад .

Ва барои ин буд ки Амиралмӯъминини алӣ ( ъ ) бо мулҳидӣ мунозира мекард , гуфт , « агар чунонаст ки ту май гӯйӣ , ҳам ту рстӣ ва ҳам мо ва агар чунонаст ки мо мегӯйем , мо рстим ва ту афтидӣ ва дар азоб абадӣ монадӣ » ва ин сухан ки Амиралмӯъминини алӣ ( ъ ) гуфтааст , ба миқдори заъфи ақли он мулҳид гуфтааст , на бидон ки вай дар гуфтау эътиқоди хеш дар шак буд , локин донист ки ончии роҳ яқинаст , фаҳми он мулҳид эҳтимол накунад .

Пас бидон ки ҳар ки дар олами ҷуз ба зоди охират машғӯласт , ба ғоят аҳмақасту сабаби он ғифлатасту андеша нокардан ки шаҳавоти дунёи эшонро худ чандон май Фрўнгзорд ки андари ин андеша кунанд вагарна ки яқин медонад ва он кас ки ба гумон ғолиб медонад ва он кас ки гумони заъиф май барад , бар ҳама воҷиб бошад ба ҳукми ақл ки аз он хатари азим ҳазар кунанду роҳи эминӣ ва эҳтиёт гиранд то саломат ёбанд иншоаллоҳ .

Тамом шуд сухан дар унвони мусулмонӣ , аз маърифати нафас , маърифати ҳақ , ҷлу ҷалолау азми шаънау ъзи кбрёўаҳу лоолаҳи ғайрау маърифати дунёу маърифати охирати пас аз ин арқони мъомлти мусулмонӣ оғоз кунем , иншоаллоҳи алъзизи вҳдаҳ .