Бидон ки ҳақиқати охирати ҳеҷ кас нашносад то ҳақяти марг авло нашносаду ҳақиқат марг надонад то ҳақиқат зиндагонӣ надонаду ҳақиқат зиндагонӣ надонад то ҳақиқат рӯҳ надонаду маърифати ҳақиқати рӯҳ , маърифати нафас худаст ки баъзе аз шарҳ вай гуфта омад .
Ва бидон ки аз пеш гуфта омад ки одамӣ мураккабаст аз ду асл , яке рӯҳу дигари колбуд , рӯҳ чун саворасту колбуд чун мураккаб ва ин рӯҳро дар охират ба воситаи колбуд ҳолатӣасту биҳиштӣ ва дӯзахӣасту вайро ба сабаби зоти худ низ ҳолатӣаст бе он ки ғолибро дар он ширкатӣ буду вайро барои қолаб низ биҳиштӣ ва дӯзахӣасту саодатӣ ва шақоватӣаст ва мо Наиму лиззати дилро ки бевосита қолаб бошад , ном « биҳишти рӯҳонӣ » мекунему ранҷу ?иламу шақовати вайро ки беқолаб буд « оташи рӯҳонӣ » май гўӣим .
Аммо биҳишту дӯзах ки қолаб дар миён бошад , ин худ зоҳирасту ҳосили он ашҷору анҳору ҳуру қусӯру мтъўму машрӯбу ғайр онасту ҳосили дӯзах , оташу мору каждуму зақуму ғайри ону сифати он ҳар ду дар қуръону ахбор машҳурасту фаҳми ҳамагони онро дарёбаду тафсили он дар китоб « зикри аламут » аз китоб « аҳёء » гуфтаему ӣнҷо бар ин ақтсор кунему ҳақиқати марг шарҳ кунем ва ба маънии биҳишту дӯзахи рӯҳонӣ ишорат кунем ки инро ҳар касе нашносад .
Ва ин ки гуфт , « аъдти лъбодии алсолҳини молои айни роту лои изни самъату лои хатари алии қалби башар » дар биҳишти рӯҳонӣ буд ва аз даруни дил равзанӣаст ба олами малакӯт ки аз он равзани ин маъонӣ ошкоро шавад ва дар ваии ҳеҷ шбҳтӣ намонад ва касеро ки он роҳ кушода шавад вайро яқинии равшан ба саодату шақовати охират падед ояд , на ба тариқи тақлиду самоъ , бал ба тариқи басирату мшоҳдт , бал ҳамчунон ки табиб бишносад ки ғолибро саодатӣ ва шақоватӣаст дар ин ҷаҳон ки онро сиҳҳат ва мараз гӯйанду вайро асбобӣаст чун доруу парҳез ва чун бисёр хӯрдану парҳез нокардан , ҳамчунин маълум шавад бад-ӣни мшоҳдт ки дилро , яъне рӯҳро , саодатӣасту шақоватӣу ибодату маърифати доруии он саодатасту ҷаҳлу маъсияти заҳри он саодатаст ва ин илмӣаст ба ғояти азизу бештари касоне ки эшонро уламо гӯйанд , аз ин ғофил бошанд , балки инро мункир бошанду ҷузи фарои биҳишту дӯзахи колбуд роҳ набаранд ва дар маърифати охирати ҷузи самоъу тақлиди ҳеҷ роҳ нашносанд ва моро андари ин шарҳу таҳқиқи ин бурҳон кутубаст дароз ба тозӣу андари ин китоб чандон гуфта ояд ки касе ки зирак буду ботини вай аз олоиши таассубу тақлиди пок буд , ин роҳ бозёбаду кори охират дар дили ваии собит ва муҳкам шавад ки имони бештари халқ ба охирати заъиф ва мутазалзиласт .