Бигирам хӯни поки токи азин пас
Башуем дафтари идрок аз ин пас
Ба май далқи рёӣиро башуем
Шавам зи олӯдагиҳо пок аз ин пас
Сабо зад чок бар пероҳани гул
Занам бар ҷомаи ғами чок аз ин пас
Агар пери Муғон дастам бигирад
Нахоҳам зистани ғамнок аз ин пас
Агар помол хоҳам шуд чаҳ бок аст
Надорам дасти азин фитрок аз ин пас
Наҷӯям гарчи миҷстми азин пеш
Вафо зон дилбари чолок аз ин пас
зи дасту пой занҷирам гушӯданд
Тавонам рехт бар сари хок аз ин пас
Нахоҳам гарчи ҷонам бар лаб омад
Паии заҳри ғамати тирёк аз ин пас
Бигӯ деҳқони оламро ки брхок
Нкорд ҷузи ниҳоли ток аз ин пас
Чу шуд мақсӯд аз ҷононаи ҳосил
Зҷон додан надорам боки изоин пас
Чаҳ созам гар насозам пас бисозам
Дило бо гардиши афлок аз ин пас
Ҳавои хоҳ ту шуд магузор азин беш
Ғубори хешро бар хок аз ин пас