Фарёд ки оташи ниҳонам

Афтод ба мағзи устихонам

Сӯзи дилу оташи дарунам

Афкандаи шарар ба хонимонам

Чун заврақ агар рӯм ба дарё

Ҳаст оташу оҳи бодбонам

Чун оташи аўФтодаҳ дар об

Овозаи марг шудаи фиғонам

Ганҷи ғами ту ба сина дорам

Шуд хонаи дили хароб аз онам

Гар баҳри ғами ту бекарон аст

Ман моҳии баҳри бекаронам

Хӯн ҷигарасту пораи дил

Бар суфраи ишқи обу нонам

Коҳидаҳи зи бскаҳи пери гардун

Аз дарду балои тани ҷавонам

Монанди камони шикастаи муштӣ

Бепорау хиради устихонам

Бозои нафасӣ ки бе ту чун не

Дар синаи гиреҳ шудаи фиғонам

То кӣ хасу хори ошиёна

Маҳҷӯр кунад зи гулистонам

Вақтаст ки барқи хонимони сӯз

Ояд ба тавофи ошёнам