Ба базми дӯши ҳадиси ту дар миён афтод
Чу шамъами оташи ғайрат дар устихон афтод
Фиғон беасар аз тоқи дил , асири туро
Чу шох бесамар аз чашм боғбон афтод
Фитод бар сари ҳам дил чу сайд , рӯзи шикор
Магари киришмаи чашми ту дар замон афтод ?
Фиришта гар кунадат ҳамраҳе , ҳалок шавам
Надид рӯзи хуши он кас ки бадгумон афтод
Чу дил гушӯд лаби шиква , шуд забонами лол
Ба авлиёии дилам ( кзо ) қуфл бар забон афтод
Чаҳ булбулам , ки ба чашмам намӯд бегона
Чу аз қафас , гузарами сӯй ошён афтод
Куҷои зи лиззати гирдоби ғами хабари ёбӣ
Туро ки заврақи азин варта бар карон афтод
Барои онкӣ шавад зуди рӯзи васлами тай
. . . Меҳр чу моҳи нав аз миён афтод
Ба кори бастаи ман маслиҳат надорад суд
Задамгар об ба дил , оташам ба ҷон афтод
Ба рамзи шиква адо мекунӣ вази ин ғофил
Ки тундхуии ту қудсӣ чаҳ бадгумон афтод