Майро чу об , лаъли ту бар худ ҳалол кард

Гуё ки хӯн бегунаҳонаш хаёл кард

Ҳоле надоштам ки тавон гуфт , бе шароб

Соқӣ ба як пиёлаам аз аҳл ҳол кард

Булбули дам аз хусумат тӯтӣ занад , магар

Ойӣнаро зи акси рахти гул хаёл кард ?

Дар болшими рӯз ба рӯз аз ҳавои ту

Охири ҳавои сарви ту моро ниҳол кард

Маҷнӯн чаро ҳавои саҳро буд , магар

Лайлӣ бар ӯ киришма ба чашм ғизол кард ?

Бар сафҳаи замона , суханро з бе касе

Ҳар сари бурӣдаи ҳамчуи қалам поймол кард

Қудсӣ касе ки дӯстӣ аз халқ чашм дошт

Авқоти хеши сарфи хаёл маҳол кард