Ду рӯзаи ҳиҷри ту бо ҷони дӯстон он кард
Ки аз ҳазор хазон , бо баҳор натавон кард
зи оҳи булбули шӯрида дрбдр гардид
Насим агарчӣ дили ғунчаро парешон кард
Насими сидқу сафоро дам Зулайхо дошт
Ки шуд чу вақти дуо , рӯй дил ба зиндон кард
Куҷои зи завқи гиребон дариданаш хабараст ?
Касе ки сӯй чаман рафту гул ба домон кард
Чаҳ сон шавад мижаам оби дидаро монеъ
Ки шуъларо натавон зери хор пинҳон кард
Касе ки монеъ қатлам шуд аз тараҳҳум нест
Турои зи куштани ман аз ҳасад пушаймон кард