Ҳануз аз нолае сад шуъла дар ҷон метавонам зад

Навой андалебӣ дар гулистон метавонам зад

Баҳори гулшани хунини дилон чун бушковад , ман ҳам

Сиррӣ чун ғунчаи берун аз гиребон метавонам зад

Ҳанузам синаи афсурдаи як дӯзах шарар дорад

Шабихун дигар бар доғи ҳурмон метавонам зад

Ҳануз аз гиряи чашм тар нишаста домани мижгон

зи мижгони таъни лаби хушкӣ ба тӯфон метавонам зад

Макун эй боғбони ишқи берунами азин гулшан

Ки ҷӯши шеванӣ бо андалебон метавонам зад

Ҳануз андари миёни тираи бахатон , аз сари зулфӣ

Ба номи бахти худ , фоли парешон метавонам зад

Ҳануз аз ҳасрати зулфии миён бе саранҷомон

Ба оҳии шуъла дар габру мусулмон метавонам зад

Кафанро дар лаҳад аз бас ба хӯн дида олудам

Ба маҳшари хаймаи паҳлавии шаҳидон метавонам зад

Макун гӯи дайгарии таҳрики қатлами пеш ӯ қудсӣ

Ки чун парвонаи худ бар шуълаи домон метавонам зад