Бас ки дӯди оҳи ошиқи парда афлок шуд
Синаи афлок аз доғи кавокиб пок шуд
Пои зи иззат бар замин наниҳад малик дар шаҳри ишқ
Бас ки дар ҳар кӯчааш ҷисми азизон хок шуд
Иттиҳодӣ ҳаст бо хунини длонм , зон сабаб
Ғунча пероҳан дариду синаи ман чок шуд
Бар фурӯзад оризи маъшӯқ аз изҳори ниёз
Рӯй гул аз шарми ишқи булбул отшнок шуд