Чашмӣ ки бо ғубор дарат ошно шавад

Дигар чу нақши по , кӣ азин дар ҷудо шавад ?

Бар лаб шикаста мегузарад ҳарф тавба ам

Чун кӯдакӣ ки нав ба сухан ошно шавад

Он толеъам куҷост ки уфтад ба кори ман

Ҳар уқдае ки аз сари зулфи ту во шавад

Чун субҳ , ёбад аз нафасаши нур , олимӣ

Ҳар зарраро ки меҳри ту дар сина ҷо шавад

Кӣ меравад хаёли ту аз дидаам бурун

Дар хок , устихонам агар тўтё шавад

Дасти умед , боз надорам зи доманат

Пероҳани умед , марогар қабо шавад

Ҳар серумае ки он на зи хок дарат буд

Дар дида ҷо надорад агар тўтё шавад

Зинҳори Фрдбош , ки хорӣ наме кашад

Ҳар қатра каз муҳӣт , чу гавҳар ҷудо шавад

Ҳар дам ба ёди тири ту оҳии зи дили кашам

То ҷои тири ту ба дили танг во шавад

Аз бетаъаллуқӣ чаҳ аҷаби об дида ам

Гар қатраи қатра чун гавҳар аз ҳам ҷудо шавад

Бахти сиёҳ , бар сари қудсии зи Ямани ишқ

Шояд ки рашки сояи бол ҳумо шавад