Мо ҷаҳонро рухи зи оби чашми гирён шаста ем

Лавҳи дилҳоро зи васфи Нӯҳу тӯфон шаста ем

Наварӯси ишқро гулгунае дар кор нест

Мо зи хӯни куфр , аввал рӯй имон шаста ем

Сафҳаи хотири зи ҳарфи марҳами осӯдагӣ

Аз нами хӯни ҷароҳатҳои пинҳон шаста ем

То лаби захми дил , аз олоиши ифшои роз

Гоҳи ҷазби сари ишқ аз оби пайкон шаста ем

Аз тарашшӯҳ кардани мижгони қудсӣ то ба рӯз

Рух ба хӯн , ҳар шаб чу субҳи иди қурбон шаста ем