Ҳаргиз ба базми васл , шабӣ ҷо накарда ам
Каз рашки ғайр , ҳиҷр таманно накарда ам
Аз нола бастаам лаби булбул ба нола Эй
Гар ғунчаро зи дили гиреҳӣ во накарда ам
Тамкини нигар , ки силсилаи ҷунбони васл ро
Бо ин ҳуҷуми шавқ , тақозо накарда ам
Тан дар даҳум ба аҷз , мабодои зи хасми хеш
Шармандагии кашам ки мудоро накарда ам
Шаб нагузарондаам ки зи сайлоби чашми хеш
Чун мавҷ , ҷилва бар сар дарё накарда ам
Беморӣ ам кашида ба маргу зи рашки ишқ
Изҳори дарди худ ба масеҳо накарда ам
Як пайки ҳоҷатам чу ба манзил наме расад
Хуши хотирами з ҳарчӣ таманно накарда ам