Парҳези даҳ зи ҳиҷри гирифтори хеш ро

Бингар шикастаи рангии бемори хеш ро

Баҳри захираи шаби ҳиҷри ту рӯзи васл

Кам кард дидаи гиря бисёр хеш ро

Бедоди дӯст чун ситами чарх ом нест

Донистаам ғурури ситамкори хеш ро

Ҷузи шуғл дӯстӣ набӯд кори дигарам

Шукри худо ки ёфтаам кори хеш ро

Қудсии ҳавои боғу лаби ҷӯ чаҳ ме кунӣ

Дарёб файзи сояи девори хеш ро