Чу боди сӯй ту ояд , зи ғайрат об шавам
Ба як насим , чу нақши қадам хароб шавам
Ману шикаст ҳарифон куҷост то ба куҷо
Хумор нашканад аз ман , агар шароб шавам
Ту аз шароби сабӯҳӣ шукуфта бош , ки ман
Димоғ ханда надорамгар офтоб шавам
Таъаллуқам ба фалак нест , он асири ним
Ки чун насим , муқайяд ба ҳар ҳубоб шавам
Куҷо бар оташи дили об метавонам зад
Чу шамъ агар зи мулоқоти шуъла об шавам
Сари муъориза бо ҳеҷ кас намонда маро
Ба рӯй каси нкшндм агар ниқоб шавам
Ҳавои васли савории сет дар серум ки зи ноз
Ба дида ам наниҳад по , агар рикоб шавам
Сари пиёлаи саломат , чаҳ шуд ки рафт баҳор
Агар ба абр набошад , ба мехароб шавам
Ба ҳеҷ чизи нмонм , зи бас ки ҳеҷ шудам
Фиреб ман нахурд ташна ,гар сароб шавам
зи базми хеши ҳарифони маро бурун макунед
Шароб агар натавонам шудан , кабоб шавам