Дар кӯҳу дашт , паҳн шавад то нишони ман

эй лолаи коши доғи ту будӣ азон ман

Аз бас ки ҳарфи теғ батон шуд забонзадам

Шуд решаи реша чун қалами мӯ , забони ман

Гар паҳлуем чу шамъ намедошт , чарбе

Кӣ сӯхтӣ ба иллат , мағзи устихони ман ?

Дар ғайритем ки соя чаро бо ту ҳамраҳ аст

Дунбол кас мабод дили бадгумони ман

Чашми ҳасуд , бар дил чокам хӯрд ҳануз

Рашкӣ ки бар қафас нахурд ошёни ман

Болидаам зи шавқ , ки мӯе наме занад

Мӯии миён ӯ зи тани нотавони ман

Ҳар нола каз барои тубошад тавон шинохт

ё раб мабод гӯш касе бар фиғони ман

Сарриштаи муҳаббат агар оядам ба даст

Сӯзад чу шамъ бар сари он ришта , ҷони ман