Синаи пеши ғами ҷонона чаҳ хоҳад бӯдан
Пеши сайлоби фано , хона чаҳ хоҳад бӯдан
Шамъ дар маҳфилу гул бар сар бозор нишаст
Ғайрати булбулу парвона чаҳ хоҳад бӯдан
Аз дили мости парешонеи зулфаш , варна
Саъии боди саҳару шона чаҳ хоҳад бӯдан
Беҳиҷобона наад бар лаби ҳаркаси лаби хеш
Маҷлиси орои паймона чаҳ хоҳад бӯдан
Ашки гармам чаҳ аҷабгар ба назарҳо хораст ?
Кишт оташ задаро дона чаҳ хоҳад бӯдан
Гар ки бо халқ нёмихтаам , маъзӯрам
Ошно бо ду се бегона чаҳ хоҳад бӯдан
Ҳеҷ дар ҳеҷ буд салтанат рӯй замин
Эътибори ду се вайрона чаҳ хоҳад бӯдан
Кас надорад хабари ёр чу девонаи ишқ
Сухани мардуми фарзона чаҳ хоҳад бӯдан
Гӯ касе гӯш макун бар сухани ман қудсӣ
Гуфтугӯии ман девона чаҳ хоҳад бӯдан