Ёр бепарво ва моро орзӯии дили басӣ
Кор хоҳад буд бо ёрии чунин , мушкили басӣ
Ҷони ман ! дилсӯзии парвона тарз дигараст
Гарчи бошад шамъро ҷӯянда дар маҳфили басӣ
Кӯтаҳ андешем моу каъбаи мақсӯди давр
Суда шуд пои умеду роҳ то манзили басӣ
Гиря дайр омад ба ёдам , ашк азон шуд бе асар
Кӣ диҳад ҳосил , чу монад тухми зери гули басӣ
Ҳаргиз аз роҳи ҳрмҷўён касе хорӣ начед
Роҳ тай кардам ба мижгон аз паии маҳмили басӣ
Бодаи ғам гарчи бо мо кард талхӣҳо ба базм
Вақти соқии хуш , казу дидем рӯй дили басӣ