Бе дарди хастае ки ба дармон шуд ошно
Шӯридаи он сиррӣ ки ба сомон шуд ошно
Аз файз шона ёфт дил аз зулф ҳарчӣ бофт
Шуд муфти хӯшаи чин чу ба деҳқон шуд ошно
Чун булбул аз мутолиаи сафҳаи рахт
Чашмами ҳамин ба хат гулистон шуд ошно
Огаҳи зи шавқи гиря беихтиёр нест
Ҳаркас чу ғунча бо лаб хандон шуд ошно
Бе раҳмии сиришки ман афкандаш аз назар
Ҳар пораи дилам ки ба мижгон шуд ошно
Бунёди ишқу ҳасани зи як об ва як гул аст
Бингар чигуна Миср ба канъон шуд ошно
Ҷонам чу шамъ бар сар мижгон кунад самоъ
То дидаам ба ҷилва хубон шуд ошно
Дигар чу шона ҳеҷ нашуд ҷамъ дар кафам
То панҷаам ба зулф парешон шуд ошно
Дар дидаам з гиря нагирад дамии қарор
Чандон ки Тифли ашк ба домон шуд ошно
Меҳрам чу субҳ бар ҳамаи кас ошкор шуд
Рӯзӣ ки дасти ман ба гиребон шуд ошно
Омад ғамаши з ҳар тараф эй айши ҳимматӣ
Бегона гӯ бирав ки фаровон шуд ошно
Бошад зи боди шӯртаи хатар дар муҳӣти ишқ
Амнаст киштӣ эй ки ба тӯфон шуд ошно
Умрӣ шудам ба нолаи ҳам овози андалеб
То нағмаам ба гӯш гулистон шуд ошно
Дардӣ ки он даво напазируфт роҳат аст
Дардии бало буд ки ба дармон шуд ошно
Дидам зи дӯстони ситамӣ каз қиёси он
Бегонаи каф ба каф зад ва ҳайрон шуд ошно
Қудсӣ ба хоки пой ту молида чашм тар
Лаби ташнае ба чашма ҳайвон шуд ошно