эй дил май умед дигар бар ту ҳаром аст
Кам ҳавсилае хӯни ҷигар бар ту ҳаром аст
На ранги вафодорӣ ва на буии муҳаббат
Дар пардаи шӯ эй гул ки назар бар ту ҳаром аст
эй гардиши афлок ба субҳӣ нараседӣ
Гуё шаби мое ки саҳар бар ту ҳаром аст
Қудсӣ чу сар аз силсила ишқ кашидӣ
Ёрии талаб аз теғ ки сар бар ту ҳаром аст