эй қасри рисолати ту маъмур
Маншури рисолат аз ту машҳур
Худоами туро ғулом гашта
Кайхусрави киқбоду фағфур
Дар ҷумла коинот гӯйанд
Салавоти ту то дамӣдани сувар
Миъроҷи ту то ба қоби қавсин
Ҷабраил ба раҳ бимонад аз давр
Ҳам ҳалқа ба гӯш туаст ғулмон
Ҳам бандаи камтарини ту ҳур
Бинвишта худои пеш аз одам
Аз баҳри рисолати ту маншур
Аз ҳайбати ғайрати ту Мӯсо
Дидор худо надид бар тавр
Равшани з вуҷӯд туаст кунин
эй ботину зоҳирати ҳамаи нур
эй Сайиди анбиёии мурсал
эй сарвари авлиёии Мансур
Гул аз арақ ту ёфта буи
Шуд шаҳд дар андаруни занбӯр
Ҳаркас ба ҷаҳон гуноҳкор аст
Гашта ба шафоати ту мғФўр
Мҳиӣ ба ғуломӣ ту зад лоф
Аз роҳ карам бидор маъзӯр