Аз хону мон овораам аз дасти ишқ аз дасти ишқ

Саргашта ва бечораам аз дасти ишқ аз дасти ишқ

эй кошкӣ будӣ адам то бозрстӣ аз ҳдм

Ман сӯзам аз сар то қадам аз дасти ишқ аз дасти ишқ

Парварда кардам хону мон саргаштаам гирди ҷаҳон

Гаштами заъифу нотавон аз дасти ишқ аз дасти ишқ

Ҳар нимаи шаб аз гулханӣ то рӯзи созами масканӣ

Чун гулханӣ шуд ин дилам аз дасти ишқ аз дасти ишқ

Ҳар рӯзу шаби девонае дар гӯшаи вайрона Эй

Гӯям ба худ афсонае аз дасти ишқ аз дасти ишқ

Ин сӯ ва он сӯ мехазам савдои хомӣ май пазам

Ангушт ба дандон май газам аз дасти ишқ аз дасти ишқ

эй хоҷаи моро чун шумо сад фикри бад дар корҳо

Шуд рости кору бори мо аз дасти ишқ аз дасти ишқ

Бо кас нагирам улфатӣ аз халқ дорам ваҳшатӣ

Ҷӯям з ҳар каси тӯҳматӣ аз дасти ишқ аз дасти ишқ

Мҳиии худоро хону баси ин ғам магӯ бо ҳеҷ кас

Наъра мазан ту зин сипас аз дасти ишқ аз дасти ишқ