Ман биҷузи кор майу соқӣ ва соғар накунам

Дар ҳамаи умри ҷузи ин машғала дигар накунам

Зоҳид ар насяи фардои даҳуми ваъда , бигӯ

Нақд имрӯз бидон нася баробар накунам

То буд нағмаи мурғи саҳару бонги рубоб

Гӯш бар мавъизаи воъиз минбар накунам

Ваъдаи шайхи хаёлот дурӯғасту маҳол

Гӯи занах кам зан аз ин ваъда ки бовар накунам

Бо ту сад бор сухан гуфтам ва мағлуб шудӣ

Шарт кардам ки дигар бора мукаррар накунам

Дили ман оинаи соф буд , оина ро

Бхёлоти маҳоли ту мукаддар накунам