зи ободӣ ба вайронӣ раседем

зи доноӣ ба нодонӣ раседем

Ба кӯии нестӣ аз роҳ ҳастӣ

Ба дарвешии з султонӣ раседем

Агар ёрон ба душвории расиданд

Ба мақсад , мо ба осонӣ раседем

Басии манзил ки тай шуд то дар ин роҳ

Ба аввали гом ҳайронӣ раседем

Далели роҳ мо шуд куфри зулфаш

Ба ойин мусулмонӣ раседем

Нигини аҳримани дуздида будем

Ба ангушт сулаймонӣ раседем