Чун шавад бо мо агар расми ситам камтар кунӣ

Андакии ин ҷаврро бо ошиқ дигар кунӣ

Ғозае аз хӯни мо бар чеҳра худ кун нигор

Чун зи баҳри носазоёни хўишро зевар кунӣ

Лухтӣ аз ин сӯхтаи дил на бихон баҳри кабоб

Бо ҳарифони дағал чун бода дар соғар кунӣ

Доман аз дастами макаш эй тундхуӣ аз рӯй қаҳр

Каз нисори чашми ман домани пар аз гавҳар кунӣ

Номи мо бо хӯни мазлӯмон рақам кун наз мидод

Чунки номи ъошқонрои сабт дар дафтар кунӣ

Бо ҳарифони дағал ҳар шаби занӣ май то саҳар

Чунки давр мо расад оғози шўрў шар кунӣ