Чу бод , азми сари кӯй ёр хоҳам кард
Нафас ба буии хушаш мшкбор хоҳам кард
Ба ҳарза бе майу маъшӯқ умр ме гузарад
Битолатами бас аз имрӯз кор хоҳам кард
Ҳар обрӯӣ ки андӯхтам зи донишу дайн
Нисори хоки раҳи он нигор хоҳам кард
Чу шамъ субҳдамам шуд зи меҳр ӯ равшан
Ки умр дар сари ин кор ва бор хоҳам кард
Ба ёди чашми ту худро харобхоҳам сохт
Баннои аҳди қадим устувор хоҳам кард
Сабо куҷост ? ки ин ҷони хӯни гирифта чу гул
Фидои накҳати гесуӣ ёр хоҳам кард
Нифоқ ва зарқ набахшад сафои дили ҳофиз
Тариқи риндӣу ишқ ихтиёр хоҳам кард