Даст дар ҳалқаи он зулф дўто натавон кард
Такя бар аҳди туу бод сабо натавон кард
Он чаҳ саъйаст , ман андар талабат бинмоем
Ин қадар ҳаст ки тағйир қазо натавон кард
Домани дӯст ба сад хӯн дил афтод ба даст
Ба фусӯсӣ ки кунад хасм , раҳо натавон кард
Оризашро ба мисли моҳ фалак натавон гуфт
Нисбати дӯст ба ҳар бесар ва по натавон кард
Сарви болои ман онгаҳ ки даройад ба самоъ
Чаҳ маҳали ҷомаи ҷонро ки қабо натавон кард
Назар пок тавонад рухи ҷонон дидан
Ки дар ойӣнаи назари ҷуз ба сафо натавон кард
Мушкили ишқ на дар ҳавсилаи дониши мост
Ҳали ин нуктаи бад-ӣни фикр хато натавон кард
Ғайритеми кишт ки маҳбӯби ҷаҳонӣ , лекин
Рӯзу шаби арбада бо халқ худо натавон кард
Ман чаҳ гӯям ? ки туро нозукии табъи латиф
То ба ҳаддӣаст ки оҳиста дуо натавон кард
Биҷузи абрӯии ту миҳроби дил ҳофиз нест
Тоъати ғайри ту дар мазҳаб мо натавон кард