Дил аз ман барад ва рӯй аз ман ниҳон кард
Худоро бо ки ин бозӣ тавон кард
Шаби танҳоӣам дар қасди ҷон буд
Хаёлаши лутфҳои бекарон кард
Чаро чун лолаи хунин дил набошам ?
Ки бо мо наргис ӯ сар гарон кард
Киро гӯям ки бо ин дарди ҷони сӯз ?
Табибами қасди ҷон нотавон кард
Бидон сони сӯхт чун шамъам ки бар ман
Суроҳеи гиряу барбат фиғон кард
Сабогар чораи дории вақт , вақт аст
Ки дарди иштиёқами қасд ҷон кард
Миёни меҳрбонон кӣ тавон гуфт ?
Ки ёри мо чунин гуфт ва чунон кард
Аду бо ҷони ҳофиз он накардӣ
Ки тири чашми он абрўкмон кард