Чу даст бар сари зулфаши занам ба тоб равад

Вари оштии талабам бо сар итоб равад

Чу моҳи нави раҳи бечорагони назора

Занад ба гӯшаи абрӯ ва дар ниқоб равад

Шаби шароб харобам кунад ба бедорӣ

Вагар ба рӯз шикоят кунам ба хоб равад

Тариқи ишқи пурошӯб ва фитнааст эй дил

Биафтад он ки дар ин роҳ бо шитоб равад

Гадоӣ дар ҷонон ба салтанат мафруш

Касе зи сояи ин дар ба офтоб равад ?

Саводи номаи мӯии сиёҳ чун тай шуд

Баёз кам нашавадгар сад интихоб равад

Ҳубобро чу фитад боди нихвати андари сар

Кулоҳи доряши андари сар шароб равад

Ҳиҷоби роҳи туе ҳофиз аз миён бархез

Хушо касе ки дар ин роҳ беҳиҷоб равад